ЧИ БУДАСТ?

Як мардаки нишинос
Рӯзе омад ба савхоз
Фаҳмидем директор будаст
Мардаки пуркор будаст
Дар рафти сӯҳбати худ
Аз рӯзи одати худ
Ҳар киро ака мегуфт
Ҷонаки ука мегуфт
Моро яке ғун намуд
Ҳамаро мамнун намуд
Гуфтут: — акнун ин диёр
Сабз шават чун баҳор
Чойхонау ошхона
Клубу мактаб хона
Ободии диёран
Дар деҳа ҳам даркоранд
Телефони автомад
Доим бояд коркунад!
Сардор даводанӣ коркунад
Тагу болодавӣ кард
Як погоҳӣ ҳашар кард
Устоҳоро хабар кард
Як бинои навсозат
Бомашро даррав пӯшонд
Рафда дидем биноро
Панҷарагулдорбудаст
Ҳавлии сардор будаст

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail