ЧОЙИ КАБУД

Бе чойи кабуд мо гарангем,
Вазнин ба ҷои хеш чу сангем,
Бе қуввату бе мадори ҳангем.
Роҳ гардем агар чу мӯри лангем,
Бо хотири танг, хотири тангем.

***
Доруст ба дарди сар аналгин,
Як чойники чой беҳтар аз ин,
Кӯҳнаст ба мо ин расму оин.
Нӯшидани чой ба субҳу пешин,
Мо мардуми шарқ на аз фарангем.
***
Рӯзе, ки ба олам чашм кушодем,
Дар фикри дигар чиз мо набудем,
Мо ошиқи чой, чойи кабудем.
Мо ташнаи он ҳамеша будем,
Йқёнуси чойро наҳангем.

***

Вақте ба пиёла чой кунем нӯш,
Мо маст шавем ҳамеша аз бӯш,
Ҳам хастагӣ зуд шавад фаромӯш.
Дар хӯрдани чой, чойи кабуд кӯш,
Бо фаҳму фаросату зарангем.

***
Аз чойи кабуд чӣ ҷои парҳез,
Чоест фақат сурурангез,
Як бӯи хушест дар он диловез.
Монанди ҳавои мушкомез,
Хуш дил зи дучиз: чой, навои чангем.

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail
Close