ЧУ БӮЕ БАР МАШОМИ МАН БУВАД…

Чу бӯе бар машоми ман бувад, бӯйи туро ёбам,
Чу рӯе пеши чашми ман бувад, рӯйи туро ёбам.
Чу аз кӯе ба кӯе мекашонам кори дунёям,
Ба ҳар кӯе ки роҳам мебарад, кӯйи туро ёбам.

Шабе, ки бо ту бошам, пурсафо чун рӯз хоҳад буд,
Вале бе ту шаби равшан шаби ҷонсӯз хоҳад буд.
Шабу рӯзам ки бе ту мазҳари садҳо табу сӯз аст,
Агарчи ҷон бисӯзад, боз ишқомӯз хоҳад буд.

Хабар меҷӯям аз ту бехабар аз хештан умре,
Туро мехоҳад,
эй ҷону ҷаҳонам, ҷони ман умре.
Агарчи ишқи ман дар кӯйи ту як умр сарсон аст,
Бувад ишқи ту дар ҷону дилам соҳибватан умре.

Шабоне к-аз худу аз зиндагии хеш дилгирам,
Хаёлам чун ситора аз тулӯи субҳ мемирам.
Чу ёдам мерасад рӯзе ки бе ёди ту хоҳам буд,
Ба ёдат зинда мемонам,
ҳаёти тоза мегирам.

Аз ин дунё ба ёди ман фақат ёди ту мемонад,
Чу таскини дили ман хотири шоди ту мемонад.
Намедонам , ки оё то саҳар мемонад ин дунё,
Агар монад,
Ба ёди ҳусни ободи ту мемонад.

Дар ин дунёи безинҳор манӣ, эй гул,
Ба ин ғамҳои сахтосор осори манӣ, эй гул,
Агарчи то абад аз ҳамдигар дурем, дур, эй гул,
Парастори манӣ, эй гул, нигаҳдори манӣ, эй гул!

***
Магар ёд омадат даври ҷавонӣ,
Ки гуфтиям ба нози ошиқона:
«Маро аз рӯйи ҳавли метавонӣ,
Барӣ дар даст чорум ошёна?»

Дамидам синаи худро чу Рустам,
Мушакҳоро таранҷидам чу оҳан.
Вале дидам қади «мавзун»-у гуфтам:
«Бувад беҳтар, туро дар дил барам ман».

***
Дур бошӣ зи кӯйи навмедӣ,
Бахти камёбҳо кунӣ дарёб.
Рӯзҳои ту бод хуршедӣ,
Шомҳои ту бод пурмаҳтоб.

Дар шабоне ки ахтаре манзур
Набувад дар самои беимдод,
Осмони ту бод нуронур,
Сари кӯят ситораборон бод.

Фасли сармову айни яхбандӣ,
Аз чаман рафт соҳири гулдӯз,
Лек сардӣ ту хеҷ мапсандӣ,
Ҳама рӯзи ту бод ҷун Наврӯз.

Дурӣ аз дидаву ба дил ту қариб,
Рӯйи бахтат ҳамора равшан бод,
Рӯзи пирӯз бо ту бод насиб,
Рӯзҳои ғами ту бо ман бод!

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail
Close