Чу гул ҳар дам ба бӯят ҷома бар тан

Чу гул ҳар дам ба бӯят ҷома бар тан,

Кунам чок аз гиребон то ба доман.

Танатро дид гул, гӯйи, ки дар боғ,

Чу мастон ҷомаро бидрид бар  тан.

Ман аз дасти ғамат мушкил барам ҷон,

Вале дилро ту осон бурдӣ аз ман.

Ба қавли душманон баргаштӣ аз дӯст,

Нагардад ҳеҷ кас бо дӯст душман.

Танаг дар ҷома, чун дар ҷом бода,

Дилат дар сина, чун дар сим оҳан.

Бибор, эй шамъ, ашк аз чашми хунин,

Ки шуд сӯзи дилат бар халқ равшан.

Макун, к-аз синаам оҳи ҷигарсӯз.

Барояд ҳамчу дуд аз роҳи равзан.

Диламро машкану дар по маяндоз,

Ки дорад дар сари зулфи ту маскан.

Чу дил дар зулфи ту бастаст, Хофиз,

Бад-ин сон кори ӯ дар по маяфган.

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail