ЧӯҶА ПАЙИ ДОНА РАФТ

Чӯҷа паси хона рафт,

Чӯҷа пайи хона рафт.

Аз раҳ гузашт чуҷа,

Аз раҳ нагузашт чӯҷа.

Девори боғ омад роғ,

Бигздашт девори боғ.

Ҷу омад аз рӯ ба рӯ,

Раҳ омад аз  пушти ҷӯ.

Чӯҷа ба он сӯ гузашт,

Бар он сӯйи ҷӯ гузашт.

Чӯҷа,  ки якмоҳа буд,

Худсару якроҳа буд.

Гуфто: — Дигар калонам,

Дон чида  метавонам.

Бояд барои дона

Танҳо равам аз хона.

Танҳо рафтӯ ғам нахӯрд,

Чашми чӯҷа хам нахӯрд.

Тозон аз раҳ даромад,

Тори пушта буромад.

Тори пушта хирманҷост,

Пур аз мушта хирманҷост.

Хирманҷост дона  дид,

Каҳ  тит краду дони чид,

Вақте сер аз дона шуд,

Дур аз ёдаш хона шуд.

По бизад,  хамёза кард.

Болу парро ҳаво дод,

Бол ҳафшонду  садо дод.

Қадди  худ боло гирифт,

Рӯйи ғарам ҷо гирифт.

Бар пешу пас назар кард,

Бо як ҳавас назар кард.

Подара диду дара,

Бора диду шаршара,

Майдонии бисёр дид,

Ҷаве гандумзоре  дид.

Деҳаро зери по дид,

Худро аз деҳ боло дид.

2 cентябрь  32 саҳифа

Шодон таронаҳо хонд,

Чӯҷа надониста монд:

Рӯзи тафти тобистон

Пушти пушта шуд пинҳон.

Соя то ёна омад,

Бар ёдаш хона омад.

Модар ба ёдаш омад,

Додар ба ёдаш омад.

Пойин чӯҷа фуромад,

Чӯҷа ба раҳ даромад.

Бар – бари хирманҷо рафт.

Сӯйи хона  қафо рафт.

Чӯҷа чуф-чуф садо кард.

Роҳи худро хато кард.

Роҳе саро саф алаф,

Рӯ монда бар ҳар тараф.

Бо кадоме  рӯзона

Ин сӯ омад аз хона?

Роҳи рафтан , ки гум шуд,

Каллш мисли хун шуд.

Раҳ гум карду гирён шуд,

Оби чашмаш резон шуд.

Модар руйи ҳавли рӯфт,

Хӯшаи гамдуро кӯфт,

Зери долон хон кушод,

Дон болои хон ниҳод.

Баьд аз он чӯҷа кофт,

Кобиду ӯро наёфт.

Дилгиру перешон шуд,

Аз алопар пурсо шуд.

Аз мошон гашт пурсон,

Шом омаду  шуд сарсон.

Рӯйи дар ку ку ку гуфт,

Бачаам канӣ ту? ­гуфт.

Чуз шав шави мавҷи об

Сӯяш наёмад ҷавоб.

Чашми модар ман  гирифт,

Қалби модар ғам гирифт.

Чӯҷа пароҳа мекофт,

Пайроҳаро намеёфт.

Пояш дар лаби ҷар буд,

Аз олам бехабар буд.

Фарёд омад: — панаҳ шав,

Зери хомаи каҳ шав!

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail
Close