Ки ман

Ки ман ҷону ту марҷон меписандӣ.
Ту бепарвоӣ парвардӣ, гули ман,
Сипоси дил наёвардӣ, гули ман.
Маро гум кардию з-он баъд кам-кам
Ту худро низ гум кардӣ, гули ман.
Дилам то метапад, таппиш бимонад,
Зи коҳи Каҳкашон коҳиш бимонад.
Бимонад чархи гардун ҳам зи гардиш,
Сарам гар як дам аз гардиш бимонад.
Ман аз ин ишқи бесомон бимирам,
Ман аз ин шавқи нофармон бимирам.
Зи хоки гӯри ман оташ бирӯяд,
Чу рӯзе бо дили сӯзон бимирам.
Зи саҳро бигзарам: гул сархамида.
Ба дарё бингарам: мавҷи рамида.
Биандешам чаро охир, чаро ман
Дар ин дунёяму дунё надида?

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail
Close