ҚИШЛОҚИ ТИЛЛОӢ

Нишастам дӯш ба марди куҳансол,
Аҷаб пири суханвар буду хушҳол,
Буд аз Помир он пири хирадманд,
Ҳикоят кард бар ман… шоду хурсанд,
Шунидам ман ҳикоятҳои ӯро,
Ба назм оварда бинвиштам дар ин ҷо:
– Шунидам аз падар ин достонро,
Падар бишнида аз бобояш онро,
Вале бобо зи бобоҳои дигар
Шунидаст ин ҳикоятҳо, бародар.
Ҳазорон солҳо, гӯё аз ин пеш,
Ба вақти мурданаш як пири дилреш
Ба ёрон кардааст ин сон ривоят,
Каме аз саргузашти худ ҳикоят:
– Дар айёми ҷавонӣ дӯстонам,
Ки маҳкам буд зӯри бозувонам,
Барои сайд рӯзе рафта будам,
Паи оҳӯи кӯҳӣ гашта будам.
Гузаштам аз биёбонҳою кӯҳсор,
Мадорам рафту афтодам чу бемор.
Ду рӯзу шаб надидам роҳату хоб,
Дилам шуд хаставу лаб ташнаи об.
Нигаҳ кардам, Ки аз кӯҳсори барфин
Ба сӯям гашта ҷорӣ ҷӯи заррин.
Давидам ҷониби вай бо дили шод,
Зи ранҷи танагӣ то гардам озод.
Чу наздик омадам дар соҳили вай,
Шудам бо турфа хоҳиш моили вай.
Бинӯшидам зи обаш сер гаштам
Гирифтам зӯр аз нав, шер гаштам.
Ё газета шумо намехонед,
Ки Шарафҷон қаҳрамон гардид…
* * *
Шуд муайян, ки аз барои зафар,
Аз яке ёру аз дигар фарзанд,
Баччаи хола ё амак зи дигар
Дар фронтанд. Инҳо хурсанд.
Лек шахсе, ки бар суханҳошон
Гӯш дода, вале накард сухан,
Оҳи сарде кашиду гуфт: – Ёрон,
Бишнавед ин ҳикоят аз дили ман:
– Дар ҳамон дам, ки офтоби ватан
Аввалин бор бар сари моён,
Гашт рахшанда, гул намуд чаман,
Кавкаби бахти халқ шуд рахшон,
Дилсиёҳон ба инқилоби мо
Дудмонанд ҳамла оварданд,
То рухи офтоби моёнро
Карда коре, чу абр барбанданд.
Мадад аз ҷамъи мо Ватан пурсид,
Мо ба ёрии ӯ камар бастем,
Ванҷ дар зери пои мо ларзид.
Он даме ки ба ҷабҳа мо рафтем.
Хокамонро зи душманони палид,
Тоза кардем бо далериҳо.
Боз бар фарқи Ванҷ чун хуршед
Гашт байроқи сурхи мо боло.
Лек ду додару писарҷонам
Аз барои Ватан шаҳид шуданд.
Аз чунин дарди сахт, ёронам,
Мӯйҳои сарам сафед шуданд.
Ҳаст дар хотирам, ки фарзандам
Нафаси охирин кашиду гуфт:
“Ҳама бар ту писар!” Ҷигарбандам
Ин суханро бигуфту сонӣ хуфт…
Мана з-он рӯз ин суханҳояш,
Ростиро, ки, эй рафиуонам,
Дар дилам зиндаанд чун номаш,
Дар танам ҷойгир чун ҷонам.
Ҳар кӣ бар нафъи моравон имрӯз,
Мекунад ҷанг зидди фошистон,
Тоҷик ӯ ё ки арманӣ, ё рус
Писари ман вай аст, эй ёрон.
Писарони шумо, ки дар ҷанганд,
Аз зафарҳояшон сарафрозам,
Чунки онон барои ман фарзанд,
Ман ба шерони хеш менозам.
* * *
Марди пурдидае гирифта сухан,
Гуфт: – Эй дӯстони озодам,
Дар дами баччагим модари ман
Гуфт ин қисса, ҳаст дар ёдам:
Гуфта буд ӯ, ки:
“Дар замони қадим,
Дар Бадахшони лаълпайкари мо
Кор карданд одамони қадим,
То биёбанд лаълу гавҳарро.
Дили кӯҳсорро намуда чок,
Меситонданд лаъл аз он ҷой,
Кӯҳканҳои моҳиру чолок
Бар фалокат дучор гардиданд:
Кӯҳ афтиду роҳашонро баст…
Ин хабар паҳн гашт дар Помир,
Халқи ёрирасон миёнро баст:
Хест аз ҷой ҳар яке чун шер,
Ҷамъ гардида мардум аз ҳар ҷой
Баҳри имдод, бозу бикшуданд,
Кӯҳро канда-канда ёронро
Аз фалокат халос бинмуданд.
Рӯзи дигар ба ин шараф онон,
Туй доданду хуррамӣ карданд,
Чангу тору рубоб шуд гардон
Як шабу рӯз. Одамон хурсанд…”
Одамизод як тану ҷон аст,
Гар яке шод, дигаре ҳам шод:
Дар ҷаҳон ҳар касе, ки инсон аст,
Мекунад дӯстро зи ғам озод.
Қисса кӯтоҳ, дӯстони ман,
Мана имрӯз Донбаси моён
Зарба овард бар сари душман,
Гашт озод,Шод мо аз он.
Тӯи шодӣ ба ин шараф даркор,
Чунки мо низ бар зафар ёрем,
Нормаи кори хеш дар сари кор
Бештар аз дусад баҷо орем…
Хоҳиши пирамардро ёрон
Бо чапак пешвоз гирифтанд.
Баъд аз он хестанд аз ҷошон,
Баҳри анҷоми корашон рафтанд.
* * *
Ин шаби кори одамони кон
Шаби ҷангӣ барои Зиддӣ буд.
Кор дар коргоҳҳо ҷӯшон,
Ончуноне ки дил ба дил фармуд.
* * *
Субҳдам чун зи Шарқ шуд рахшон
Офтоби бузурги оламтоб,
Гашт андар даруни нова равон,
Сангангиштҳо, ба мисли об.
Байрақи сурхи фатҳ шуд рахшон,
Бар сари кон.
Зафар муҳайё шуд.
Одамон шод аз зафарҳошон,
Нормашон ду баробар иҷро шуд…
Дар ҳамин лаҳза дар фазои Ватан
Хабари тоза за зафар шуд паҳн,
Ки расонданд зарба бар душман,
Аскарони диловару бошаън.
Муждаҳо омаданд пай дар ҳам,
Аз Кремли азиз, аз Москав,
Хабар омад, ки Харкови Ватанам,
Гашт озоду шод шуд аз нав!
Шахта Зиддӣ, 1943

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail
Close