ҚОНУНИ ҲАЁТ

Кае намепурсадаш: «Чӣ овардӣ?»
Чун ба дунё кадам ниҳад фарде.
«Ӯ чӣ мондаст аз худаш?»— пурсанд,
Чун ниҳад пой дар лаҳад фарде.
* * *
Ин мусаллам, ки баҳри ҳар инсон
Умр қимматтар аз дурру гуҳар аст.
Ҳар кӣ бехуда сарфи умр кунад,
Назди халқу ватан ҷавобгар аст!
* * *
Бас, ки дар мехнат аст роҳати кас?
Дар фарошат даме намешинад,
Шарм дорад чу дар ягон коре
Саҳми шахсии худ намебинад.
Саъй дорад, ки хубтар созад
Зиндагиро барои оянда,
Бахтиёр аст он, ки умри азиз
Карда бошад фидои оянда!
* * *
Ба харгуш бахшанд агар номи шер,
Мапиндор к-ӯ гардад аз ин далер.

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail
Close