КӮЧИЁН

Хонаҳои амонати кӯчӣ –
Хонаҳои вагонии сайёр
Зиндагишон ҳамеша дар роҳ аст
Бесукун зери гунбади даввор.
Ҳаст андар бисоти соҳибашон
Манҷаҳу1 хобҷомаи сафарӣ,
Раҳшиносанд, раҳкушо ҳастанд,
Аз хамупечи роҳ бохабаре.
Кӯчиёнанд андар ин айём,
Доим омодаи сафар ҳастанд.
Доим омодаи машаққати роҳ,
Доим омодаи хатар ҳастанд.
Ҳар куҷо шаҳри нав шавад бунёд,
Хонаҳои вагонӣ меоянд.
Мегузоранд пойбасти шаҳр,
Бо хурӯши ҷавонӣ меоянд.
Лек бунён шавад чу шаҳристон,
Қасрҳои нав устувор шаванд,
Сокинони макону манзили нав
Ёр гарданд, ҳамҷавор шаванд.
Хонаҳои сипанҷӣ раҳ гиранд
Боз бар ҷойҳои нообод.
То гузоранд асоси масканҳо –
Русто, шаҳрҳои навбунёд.
Хонаҳои мусофири кӯчӣ
Тӯшаи роҳашон – ҳунар бошад.
Доимо дар сафар буванд онон,
Зиндагӣ баски дар сафар бошад…
Роҳҳои дароз медонанд
Умри кӯтаҳ чи ранг мегузарад.
Гар ба як ҷо нишаста бошӣ ҳам,
Умри ту бедиранг мегузарад.
Роҳҳои дароз медонанд
Омадурафти хонаҳои вагон,
Чун таваллуд шуданд дар раҳҳо
Кӯдакони латифу зебошон…

Раҳгузар нестанд ин мардум,
Роҳпаймои покрафторанд.
Зиндагишон агар муқимӣ нест,
Дар мақоми шараф сазоворанд.
Бигзарад гар ба роҳҳои дароз
Умрашон зери чархи саргардон,
Лек аз онҳо нишона мемонад
Шаҳрҳо, шаҳрҳои ободон…
1971

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail