ДАВРУ ҲИКМАТ

Шунидам, ки хакиме дӯстонашро
Чунин гуфтаст дар пирӣ:
— Азизонам,
Шинои бахри дониш карда, акнун хуб медонам
Ки ман чизе намедонам…
Шунида ҳикматашро дӯстони ӯ
Хамушӣ баргузидастанд…

Танҳо баъди садҳо сол,
Ҳакиме тозаи даврон,
Хамӯширо чу тӯфон мекунад вайрон,
Хамегуяд:
— Агар донам намедонам,
Намешинам даме орому мекӯшам,
Ки нодонистаро донам,
Ва бори ҷаҳлро бардорам аз дӯшам.

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail
Close