Дар асо ва чигасҳо

Ниҳолеро, ки биншондӣ, расо шуд,
Аз ӯ як шох баҳрат иттико шуд.
Онҳо, ки буванд муттакои ҳама кас,
Рӯзе нигарӣ, шаванд муҳтоҷи чигас.
Як рӯз қади расову як рӯз дуто,
Як рӯз камон ба даст, як рӯз асо.
Кӯрон накунанд гум раҳи хонаи худ,
Зеро ки намешаванд бегонаи худ.
Тук-тук бизанад ба рӯи роҳу лаби роҳ,
Яъне ки равонаем, алҳамдиллоҳ!
Ба дасти ҳар касе дасти рубоб аст,
Яқин донед дар аҳди шабоб аст.

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail