ДАР ҶАНОЗАИ ҲАМСОЛАМ

Дӯстам, дӯсти ҷавонмаргам,
Баҳри чӣ, баҳри кӣ, чаро мурдӣ?
Ман аминам, чу зодаи куҳсор,
Ҳар чӣ ҳам буд, баҳри мо мурдӣ.
Дӯстам, дӯсти ҷавонмардам,
Будӣ ҳамсоламу ҳамовардам.
Як ту танҳо намурдӣ дар Бағдод,
Бо ту ман низ гӯиё мурдам.
Дӯстам, дӯсти ҳунармандам,
Оламеро пур аз ҳунар кардӣ,
Эй бас овозҳои хомушро
Бо садоят баландтар кардӣ.
Дӯстам, дӯсти сухандонам,
Шеърро мисли ту кӣ медонад?
Баъди ту баҳри ташнагони сухан
Шеъри моро дигар кӣ мехонад?
Чи ҳунарманди саҳназеб будӣ,
Дар ту фарҳанги пиру барно буд,
Саҳнаи танги санъати тоҷик
Баҳри ту гӯӣ саҳни дунё буд.
Орзу доштӣ, ки дар саҳна
Мирӣ дар нақши ошиқи шайдо,
Ҳимматат, ки баланд буд, имрӯз
Мурдӣ ногаҳ ба саҳнаи дунё…
Орзу доштӣ, ки Ҳамлетро
Бинамоӣ барои тоҷикон.
Марги ту худ бузург фоҷиаест,
Баҳри ҳамасрҳот, Маҳмудҷон!
Дӯстам, дӯсти сухангӯям,
Баъди ту ҳам ҷавонӣ хоҳад монд,
Лек шеъри бузурги тоҷикро
Ҳеҷ кас мисли ту нахоҳад хонд.
Филкушу мушпарвар аст ин даҳр,
Ғофиле нестам зи кори ҷаҳон,
Алвидоъ, дӯсти ҷавонмаргам,
Алвидоъ, эй бузургвори ҷавон!
* * *
Эй тасаллои ҷони пазмонам,
Бе ту бар ман ҳаёт беранг аст.
Бо ҷаҳон ошноиям донӣ,
Ошноии шишаву санг аст.
Омадӣ. Рафтӣ. Инчунин шояд
Боз меоӣ. Боз хоҳӣ рафт.
Лек табли хатар занам, ки бидон
Ними умрат ба бегуноҳӣ рафт.
Ту чаро аз гуноҳ метарсӣ,
Бегунаҳ чун на офтобу маҳ аст?!
Як ману ту куҷо гунаҳкорем?
Одамизод зодаи гунаҳ аст!
Се зи чори ҷаҳон бувад ҳама об,
Одамӣ лек ташна хоҳад мурд.
Акси ёре ба мардуми дида
Ба дили хоки сард хоҳад бурд.
Ошиқӣ баски ташнагии дил аст,
Об хоҳад зи чашмаи дилҳо.
Ошиқи ташнаро касе ранҷонд
Ташна мирад ба соҳили дарё!…
Ту маро мебарӣ ба имое
Бепару бол сӯи гардунҳо.
Ту маро мекашӣ ба сӯи уфуқ,
Ки дар ӯ мурдаанд Маҷнунҳо.
Банда ҳам хостгори парвозам,
Мепарам, мепарам ба дуриҳо.
Пушти по бод ҳар чӣ бигзаштаст,
Пушти сар бод ҷумла кӯриҳо!
Ҳар касе, ки бузургӣ мехоҳад,
Меравад сӯи корзори бузург.
Гар гуноҳи бузург бошад ишқ,
Банда ҳастам гуноҳкори бузург!
* * *
Ошиқон – шоирони бедевон,
Ошиқон – олимони беунвон,
Ошиқон – булбулони беовоз,
Ошиқон – кӯдакони гулгардон –
Бигзаред аз миёни кӯчаи шаҳр
Ҳамқади ёр – даст бар гардан.
Шаҳр гардад зи ишқ моломол,
Ишқ борад зи кӯчаву барзан.
Ҷуфт-ҷуфт аз миёни раҳгузарон
Бо камоли ғурур мегузаред.
Чашму дил равшан аст аз дидор,
Гӯӣ аз роҳи нур мегузаред.
Ҳамаи шаҳр ваъдагоҳи шумост –
Хоҳ гулгашту хоҳ майдонҳо.
Ҳамаи шаҳр бӯсагоҳи шумост –
Ҳам лаби ёр, ҳам лаби дарё…
Ба шумо бингарам, биболад дил,
Ки ҳаёт ошёни ҳамроист.
Фалаки пир чун шумо гӯӣ
Навгирифтори ҳусни зебоист.
Як ҳамин бас, ки ошиқед алҳол,
Бо диле ҳамнавою ҳамрозед.
Як ҳамин бас, ки бар ҷамоли ҳаёт
Ошиқона нигоҳ месозед.
Як ҳамин дар замони мо кофист,
Ки шумо қадри ёр медонед.
Дар замони шитобҳои бузург
Нашъаи интизор медонед.
Ман чӣ гӯям дигар, ки беҳ аз ман
Дар раҳи ишқ ҷумла яктоед.
Ман чӣ гӯям дигар, ки беҳ аз ман
Дар фани ишқ ҷумла мавлоед –
Ошиқон – мурғакони белона,
Ошиқон – пайравони парвона,
Ошиқон – ташнагони соҳилҳо,
Ошиқон – кӯдакони афсона…
* * *
Хонуми сабз, сабзтар бошӣ,
Давлати ҳусни ту фаровон бод!
Зери ин осмони лӯъбатбоз
Ахтари толеат фурӯзон бод!
Сина бикшо барои ишқи бузург,
Зиндадил бошу зиндагонӣ кун.
Ишқи мо пир ҳам шавад рӯзе,
То ҷавон бошӣ ту, ҷавонӣ кун.
Ишқ нодир бувад чу истеъдод,
Дар дили ҳар кӣ дар намегирад,
Ҳар кӣ бо сар нарафт андар ишқ,
Ишқи ӯ ҳеҷ сар намегирад.
Чи саодат, ки ту хабар дорӣ
Аз ғами ишқу аз табу тобаш.
Аз ҷигарсӯзию ҷигархорӣ
В-аз ҳама нашъаҳои камёбаш.
Чи саодат, ки бо нигоҳи дил
Беҳтар аз ман маро ту медонӣ.
Гираҳе чанд дар дилам гар ҳаст,
Ҳамчу мушкилкушо ту медонӣ.
То ту ҳастию ишқи ту боқист,
Умри ман ошиқона хоҳад буд,
Номи ту дар забони ман умре
Бозгӯи тарона хоҳад буд.
То ту ҳастию ҳусни ту гирост,
Дар дилам гулшукуфту гулрез аст.
Баҳри ту аз раҳи умеди дароз
Ғазале чанд дастовез аст.
Меравам сӯи қуллаҳои баланд
Бо дилам гар ту ҳамсафар бошӣ.
Хонуми сабз, сабз бодат бахт,
Хонуми сабз, сабзтар бошӣ!
30.12.1977

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail