ДАР ҶАШНИ РАСУЛ ҲАМЗАТОВ

Дар канори баҳр , дар ҷашни Расул
Буд дарёи дамонам ҳамнафас.
Ман чӣ донам, ҳарфам оё шуд қабул,
Ё ки дарё бурд онро барабас.

Дил набуд аз шӯриши дарё малул,
Мерасид овози ман шояд ба дашт.
Лек хомӯшии лабҳои Расул
Бегумон аз гӯши мардум мегузашт…

***

Ману даврон, чӣ ҳоҷате ба қиёс,
Ин яке сангу дигаре шиша-ст.
Ин як ихлосу дигаре ифлос,
Ин яке нӯшу дигаре неш аст.

Баъд аз инам аз он чӣ уммеде,
Мазҳари ноумедиясту мамот.
Чун бихоҳам зи шом хуршеде,
Дар биёбони тафта оби ҳаёт.

Чун бигӯям, ки рост бояд зист,
Мешавад сарви хушк боз ассо.
Чораат ғайри гушна мурдан нест,
Агар ин панд мекунӣ иҷро.

Бо касе ҳарф гӯям аз имон,
К-аз пайи ҳаққу рост бояд гашт,
Бо кароҳат бигӯядам, э, мон,
Вақти ин гуна қиссаҳо бигзашт.

Давр – даври чапу каҷу качал аст,
Бо якешон шавӣ зи ҷонат сер.
Гар тағо дораду сари амал аст,
Муш аз хеш метарошад шер.

Баъд аз ин ман дигар чӣ хоҳам гуфт,
Натавонам, ки рост зӣ гӯям.
Ё бихандам ба ин ҳарому кулуфт,
Ё ба аҳволи зори худ мӯям.

Ҳеҷ ёбӣ, ки хашми яздонист
Дар навои ғами таронаи ман,
Мӯҷиби хандаҳои шайтонист
Ғуссаҳои паямбарони ман.

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail