Дар ҷилди сурх

— Кист он?
Дар ҷилди сурхи коммунистӣ кист?
— Пантуркист! Пантуркист!
— Чист аз дандони ӯ ҷорист?
— Хуни ноҳақ,
Хунги тоҷик

— Дар сараш сарбанди сурхи коммунистӣ кист?
— Пантуркист! Пантуркист!
Пантуркисти террорист !
— Чист дар дасташ навишта?
— Номи тоҷикҳои кушта ё накушта;
Аз бадахшониву аз ғармиву дарвозӣ
Пушта-пушта, кушта-кушта,
Дар хати махфии ӯ кам монда нокушта.

— Кист ин аз бӯсаи шайтон ба ҷои мор
Рӯида дар китфаш ситора?
— Руссия!
Шефи ин террори туркист;
Ҳap кучое латтаи сурхе бубинад медавад он суй,
Пеши ӯ фарқе надорад чист,
Сурхиаш кофист.

— Шаҳнае, патёрае,
Мордуше дар паси ин торумор аст,
Кист?
— Отатурки* узбакистонист,
Мақсадаш бунёди Туркистони холис,
Нақшаи ӯ мешавад ҳap соате ҳис;
Зарнамой мекунад ин мис,
Ман ба ин мис нестам ҳамҷинс,
Нестам ҳамҷинси ҳар беҷинс.

1992
*Киноя аз Ислом Каримуф

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail
Close