ДАР ЛАБИ БОМАТ

Ту маро барои дигар мешунавӣ,
Дафтари ишқи маро мехонӣ.
Ё ба хобат ту маро мебинӣ,
Дарди ҷонсӯзи маро медонӣ.

Ту дигар боз хаёлолудӣ,
Ва чар обоз чунин мағрурӣ?
Гар ба рафтори худат масрурӣ,
Пас, чар обоз чунин ноҷурӣ?

Гӯш бинмо ба мани ғамзада як бори дигар,
Боз дорам ба ту манн аз дилуҷон кори диигар.
То бигӯям ба ту асрори ҷахони ошиқ,
Ки шавӣ бо мани бечора зи нав ёри дигар?

Куштаи ишқи матонат бошам,
Посбон бар дари хонат бошам.
Гар биронӣ ту маро аз паси дар,
Чун кабӯтар лаби бомат бошам.

Ту агар ёри дилошӯб ба манн мебошӣ,
Ё ки тудилбари маҳбуб ба манн мебошӣ,
Гӯш бинмо ба суханҳои мани саргашта,
Ту фақат мӯниси марғуб ба манн мебошӣ.

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail