ДАР САРИ ГӮР

Ҷашни фарзандони худ нодида рафтӣ, модарам,
Донаи барчошро ночида рафтӣ, модарам.
Пеш-пеши наварӯсу дастаи машъал ба даст
Шодмон, пирона норақсида рафтӣ, модарам.
Ном мемондӣ ба нийят бар ҳама навзодҳо,
Рахт меоростӣ дар тӯи навдомодҳо.
Тоҷи тиллои арӯсонро ту мебастӣ мудом,
Атр меомехтӣ бар накҳати гулбодҳо.
Дар раҳи фарзандҳо обу адо гаштӣ ба меҳр,
Дар ҷидоли модарӣ бо ҷон фидо гаштӣ ба меҳр.
Ту сиришти меҳру ишқу зиндагӣ будию боз
Оқибат аз зиндагонӣ ҳам ҷудо гаштӣ ба меҳр.
Бегулу гулдаста мактабхона мебурдӣ маро,
Дошта аз дасти ман, шодона мебурдӣ маро.
Баъди мактаб то дили шаб бо забони шаккарин
Бар ҷаҳони қиссаю афсона мебурдӣ маро.
Хотирам дарди дили пиронаи ту мебарад,
Як ҷаҳони қиссаю афсонаи ту мебарад.
Ту дигар бар хонаи ман худ намеоӣ, вале
Бандагӣ охир маро бар хонаи ту мебарад.
Атласи рангинкамон пироҳанат ёд оварад,
Тундар аз фарёдату аз шеванат ёд оварад.
Занги мактаб ҳар саҳар чун занги субҳи баччагӣ
Аз маро то пеши мактаб бурданат ёд оварад.
Бориши борон зи ашки дидаат ёд оварад,
Баргрезон аз гули ночидаат ёд оварад.
Офтоби кӯри зери абр дар фасли баҳор
Як-як аз рӯзи хуши нодидаат ёд оварад.
Модарам, имрӯз бо Модар-замин якто шудӣ,
Бо замин, бо чархи гардон ҳамраҳу ҳампо шудӣ.
Бӯи ашку бӯи доғи сина дорад мадфанат,
Гарчи худ бо ашку доғи сина нопайдо шудӣ.
Дидагони хирабину ашкборат – зиндагист.
Раъшаи дастони хушку бемадорат – зиндагист.
Омадӣ танҳою танҳо рафтӣ аз дунё, вале
Тору пуди бошу буду ёдгорат – зиндагист!
Зиндагии шоирона аз ту мероси ман аст,
Ин замину ин замона аз ту мероси ман аст.
Дар деҳи танге агарчи халқ кардӣ ту маро,
Ин ҷаҳони бекарона аз ту мероси ман аст.
Гарчи аз он ҳавлии деворбаста рафтаӣ,
Дар дилу дар дидаю дар хотири ман зиндаӣ.
Дигар аз дарбачча сар берун наёзӣ сӯи ман,
Лек дар даргоҳи ҷони шокири ман зиндаӣ.
Зиндаӣ, эй модари ошуфтаҷонам, зиндаӣ,
Дар равонам, дар ғазалҳои равонам зиндаӣ.
То мани аз шири покат покбозу покҷон
Зинда дар байни замину осмонам, зиндаӣ.
Кист розӣ буд аз дунёву меҳнатҳои он,
То ту розӣ хуспӣ андар синаи сарди замин?
Мехурад гарчи заминат, мехурад беэътибор,
Ҳамчу модар мекашӣ андар замин дарди замин.
Дастҳои ту бурун аз хок сӯи офтоб,
Чашмҳоят боз бо ҳасрат ба рӯи офтоб.
Шишаро бар чашмҳои обрав бигзошта,
Мебароӣ гӯиё бар ҷустуҷӯи офтоб.
Мебароӣ пешвозам синакӯбон, модарам,
Бесиришку бесадо гирёну хандон, модарам.
Мебароӣ бар гуселам то сари роҳи калон,
Аз қафо бо сад хаёле дастафшон, модарам.
Модари хушбахту бадбахтам, замин ёри ту бод!
Гирдгардон рӯҳбони покрафтори ту бод!
Пайраҳе, ки бар мазори хоксорат мебарад,
Пойгоҳи зодагони номбардори ту бод!
* * *
Чу аз модар ба дунё омадам ман,
Маро дар гоҳвора баста буданд.
Сари гаҳвораам биншаста ёрон,
Бароям номи лоиқ ҷуста буданд.
Ду дасту пои ман муҳкам бубастанд,
Ки донам қадри дасту пои озод.
Дилам мисли асир озодӣ ҷӯяд,
Биҷӯяд дар ҷаҳон паҳнои обод.
Маро дар гоҳвора баста буданд,
Ки аз баҳри халосӣ ёбам имкон,
Ки то дар ҷунбиши гаҳвораи хеш
Барои худ шавам тақдирҷунбон.
Маро дар гоҳвора баста буданд,
Ки қадри хонаободӣ бидонам.
Кушоям худ гиреҳ аз мушкили худ,
Зи хурдӣ қадри озодӣ бидонам.
1970

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail