Дар зери шаршара

Мерехт об аз рӯи ӯ,
Дар шир об афтода буд.
Монанди лабҳои тараш
Дар об гулмоҳӣ набуд.

Чун мармараш мешӯст об,
Чун модараш мешӯст об.
Печонда мепартофт об
Мӯи тарашро бар сараш,
Монанди мӯи духтараш.

Мерафт атраш дар ҳубоб
Дар шиша монанди гулоб,
Мерафт дар болои об
Чун шишаи атре ҳубоб.
Полида аз зулфони ӯ,
Полида аз мижгони ӯ,
Покизатар мегашт об.

Ҳар қатрае ҷӯи ба ҷӯ,
Ҳар қатрае сӯи ба сӯ
Мебурд дар дарёву рӯд
Аз чашми ӯ ранги кабуд.

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail
Close