Мо дар ду ҷаҳон ғайри Худо ёр надорем!

Мо дар ду ҷаҳон ғайри Худо ёр надорем,
Мо ҷуз ғами у ҳеҷ, дигар кор надорем.
Мискину фақирем, ба кошонаи дунё
Бар неку бади ҳеҷ касе кор надорем.
Не масти шаробему кабобему рубобем,
Парвои майу хонаи ҳаммор надорем.
Гар ёри вафодор надорем, аҷаб нест,
Мо ёр ба ҷуз Ҳазрати Ҷаббор надорем.
Мо масти аластем ба як ҷуръа чу Мансур
Андешаи фатво ва сари дор надорем.
Мо шохи дарахтем пур аз меваи тавҳид,
Ҳар раҳгузаре санг занад ор надорем.
Мо тутии факрему шакархораи Мисрем,
Чун зоғи сияҳ майл ба мурдор надорем.
Дар боби дили хастаи Шамсулҳақи Табрез
Мо худ ба ҷуз ин шева ва гуфтор надорем.

 

Мо дар ду чахон гайри Худо ёр надорем,
Мо чуз гами у хеч, дигар кор надорем.
Мискину факирем, ба кошонаи дунё
Бар неку бади хеч касе кор надорем.
Не масти шаробему кабобему рубобем,
Парвои майу хонаи хаммор надорем.
Гар ёри вафодор надорем, ачаб нест,
Мо ёр ба чуз Хазрати Чаббор надорем.
Мо масти аластем ба як чуръа чу Мансур
Андешаи фатво ва сари дор надорем.
Мо шохи дарахтем пур аз меваи тавхид,
Хар рахгузаре санг занад ор надорем.
Мо тутии факрему шакархораи Мисрем,
Чун зоги сиях майл ба мурдор надорем.
Дар боби дили хастаи Шамсулхаки Табрез
Мо худ ба чуз ин шева ва гуфтор надорем

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail