ДАРДИ БЕДАВО

 

Эй шиша, зиҳам чи гунна бе ту,

Дар васфи ту манн тарона дорам.

Бар гардани борикат ҳамеша

Ман бӯсаи ошиқона дорам.

 

Рӯзе, ки ту дар барам набошӣ,

Ман нола даруни хона дорам.

Чашмак бизанӣ гаҳе ба сӯям,

Ду пои равон-равона дорам.

 

Шуд пушти буфети ту ба манн ҷо,

То дар баданам моҳона дорам.

Бе ту ҳама рӯзи манн сиёҳ аст,

Дар хӯрдани май баҳо надорам.

 

Рангам, ки намудаӣ ту заб-зард,

Андоми хароби фона дорам.

Аз дасти туям мудом бемор,

Бар дарди бадам даво надорам.

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail