Дарвешон аст

Равзаи хулди барин хилвати дарвешон аст,

Мояи мӯҳташамӣ хидмати дарвешон аст.

Ганҷи узлат, ки тилисмоти аҷоиб дорад,

Фатҳи он дар назари раҳмати дарвешон аст.

Қаёри фирдавс, ки ризвон-ш ба дарбонӣ рафт,

Манзаре аз чамани нузхати дарвешон аст.

Он чӣ зар мешавад аз партави он қалби сиёҳ,

Кимиёест, ки дар сӯхбати дарвешон аст.

Он ки пешаш биниҳад тоҷи такаббур Хуршед,

Кибриёест, ки дар ҳашмати дарвешон аст.

Давлатёро, ки набошад ғам аз осеби завол,

Бетакаллуф бишунав, давлати дарвешон аст.

Хусравон қиблаи ҳоҷоти ҷахонанд, вале

Сабабаш бандагии ҳазрати дарвешон аст.

Рӯйи мақсуд, ки шоҳон ба дуъо металабанд,

Мазҳараш оинаи талъати дарвешон аст.

Аз карон то ба карон лашкари зулм аст, вале

Аз азал то ба абад фурсати дарвешон acт.

Эй тавонгар, мафурӯш ин ҳама наҳват, ки туро,

Сару зар дар канафи ҳимати дарвешон аст.

Ганҷи Қорун, ки фурӯ меравад аз қаҳр ҳанӯз,

Хонда бошӣ, ки хам аз ғайрати дарвешон аст.

Ҳофиз, ар оби ҳаёти абадӣ мехоҳӣ,

Манбаъаш хоки дари хилвати дарвешон аст.

Ман ғуломи назар Осафи аҳдам к-ӯро,

Сурати хоҷагиву сирати дарвешон аст.

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail