ДОСТОНИ ДАСТҲО

Ҷӯяҳо монанди чини рӯи деҳқон,
Пунбаи бишкуфта ранги мӯи деҳқон,
Пунба хандон, домани саҳро шукуфон,
Чун дили поку ҳақиқатҷӯи деҳқон.
Куртаи алвон ба қадди духтарони пунбачин
Дар миёни ҳавзаи гулҳои симин
Мезанад ҷавлон чу нахли арғувон.
Қоматаш сар то ба по гул,
Доманаш лабрез бо гул,
Шавкати ҳусну гул аст аз ранҷ ин ҷо тавъамон.
Нохуни ғӯза харошад дасти ӯро,
Хам кунад пунба қади хушбасти ӯро,
Офтоби чоштгаҳ бераҳм сӯзад рӯи ӯро,
Бод дуздад накҳати зулфони анбарбӯи ӯро.
Сурмаи хок аст пардози сафи мижгони ӯ,
Чанги саҳро хира карда чеҳраи тобони ӯ,
Шӯр мерезад заминро карда шақ,
Аз ҷабин, аз ҳар сари мӯяш арақ.
Зери пои ӯст бо он сон бузургияш замин,
Зери ҳукми ӯст саҳроҳои неъматофарин.
Хокро дастони нарми ӯ навозиш кардаанд,
Қудрати ӯ, давлати ӯро ситоиш кардаанд.
Хок гӯё қарздори некии дастони ӯст,
Ёри ҳамсомони ӯ, дилдори ҳампаймони ӯст.
Ҳар ғарам, ҳар хирмани чун бахти тоҷикон
_________________________баланд,
Ҳамчу кӯҳи нуқра тобад саф ба саф,
Поку бедоғу муборак чун шараф,
Ҳамчу виҷдон, ҳамчу номи деҳқони арҷманд.
Чун ғарамҳои бузурги нуқрагии абрҳо
Ҳар ғарам сар мезанад бар осмон.
Зина-зина сафкашону қадкашон
Аз ҳунармандии дасти деҳқон.
Ҷӯяҳо – ожангҳои рӯи деҳқон,
Пунбаи бишкуфта ранги мӯи деҳқон,
Дашту саҳрои фарохи пахтазорон
Бекарон ҳамчун кафи дастони деҳқон, –
Месарояд достони ранҷҳои дастҳоро,
Дастҳои пурсахоро…

9.7.1966

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail
Close