Дастони модар

Бӯи гулу нон
Бӯи коҳу дон
Бӯи ширу ҷон
Доранд ин дастон

Шахшӯлу маҳин
Чолоку матин
Монанди замин
Неъматофарин

Диҳанд ёрӣ
Дар пахтакорӣ
Дар чорводорӣ
Дар боғдорӣ

Набошанд онҳо
Агар дар дунё
Будем мо гӯё
Бе дасту бе по

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail
Close