ДАВЛАТИ МАН, САВЛАТИ МАН МОНД ОХИР ЗОРИ МАН

Буд то мансаб маро, ҳай даври аъло доштам

Даври аъло доштам, бо худ таманно доштам’

Дар миёни гулшани иқбол маъво доштам,

Сайр дар богу чаманҳои дилоро доштам, ’

Кайф чун Ҷамшеду савлат мисли

Доро доштам. Ҳавлиям буд кӯшке-сар дар фалак, сад ранг дошт

Зар ба назди ранги он бенур буду занг дошт,

Аз ялаққосаш ба зидди меҳри олам ҷанг дошт, Дилчаи бедардакам аз кору меҳнат нанг дошт’ Қай ғами имрӯз ё фардои дунё доштам?!
Дар зимистон ҳам бароям буд айёми баҳор,

Лолаву савсан ба гирди хеш медидам қатор,

Дошт гӯшам рохат аз овози танбӯру дутор,

Ҳар чӣ дил хоҳад, муҳайё буд бе гуфтугузор,

Шири мурғу тоқи Аршу тухми Анқо доштам.
Хеш буду ошнову ҷӯра дар паҳлуи ман,

Қуввати дил беш буду зӯр дар бозуи ман,

Қас наметонист боре тез бинад рӯи ман,

Дар ҷавоби сулфа ҳатто буд лаббайгӯӣ ман,

Сар зи фахри обрӯям то Сурайё доштам.
Як имо бо ними чашми хеш мекардам агар,

Сад нафар метохт дар иҷрои фармонам ба сар,

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail