Давраи кудакӣ

Боз мехоҳам, ки аз нав кӯдаки нодон шавам,
Боз мехоҳам, ки аз нав кӯдаки гирён шавам.

Бар сари зонуи модар боз биншинам даме,
Гиряму хандам, сарамро сила бинмояд ҳаме.

Боз гултоқӣ бибофам аз гули худрӯи кӯҳ,
Аз гули наврӯзу аз қоқую аз ҳулбӯи кӯҳ.

Боз рӯи сабзаҳо афтону хезон по ниҳам,
Кӯҳҳову даштҳоро дар дили худ ҷо диҳам.

Боз бо ҳамсолҳоям ҷангбозиҳо кунам,
«Қаҳрамон»-и ҷанг бошам, сарфарозиҳо кунам.

Ошиқе зорӣ кунад бар ман, чу ояд бовараш,
Хат барам аз ӯву хат орам – ҷавоб аз дилбараш.

То таги тори арӯс андар шаби сури висол
Ноаён оям, бибинам чеҳраашро бемалол.

Тоҷи тиллоӣ ба рӯи абруи пайвасти ӯ.
Бӯи умри тоза ояд аз ҳинои дасти ӯ.

Лек бинам, то магар розист аз тақдири худ,
Розӣ аст аз бахт ё менолад аз тақсири худ.

Ё ҳамегиряд зи шодӣ ё ҳамехандад зи ғам,
Ёд карда ошиқи деринаашро бо алам…

Боз дар тоқии худ барчош чинам бо мурод,
Хонда бо ҳамсолҳоям ёр-ёру шодбод.

То саҳар дар тӯйхона байтхониҳо кунам,
Дар ҳақи навхонадорон байтмониҳо кунам.

Ман чӣ мехоҳам, худоё?
Ман дигар кӯдак нахоҳам шуд, дареғо!

Лек одам ҳар қадар солору пурармон шавад,
Боз мехоҳад, ки боре кӯдаки нодон шавад…

1970

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail