ДЕҲИ МО ҶОЙИ КОР АСТ

Деҳа надорад ором

Аз  субҳ  то дари шом.

Кори деҳа бисур аст,

Дасти  ҳама бакор  аст:

Яке  сӯйи пуштаҳо

Рамара  барад чаро;

Об яке  мемонад,

Тут  яке  таконад;

Пухтаст  донаи ҷав,

Яке  машғул  дарав;

Яки бар  тори  ғарам

Банди нав  мекунад  зам;

Яке хирма   мекӯнад,

Яке хирман мекӯнад

Яке  каҳ мекашонад,

Яке замин меронад;

Яке монад   забаррав

Бар чӯби хонаи нав;

Яке ҷома  медӯзад,

Яке   сабақ  омӯзад…

Коре  деҳа  бисёр аст,

Деҳи  мо  ҷойи кор  аст.

Касе агар   бекор аст,

Аз ӯ ҳама  безор  аст,

 

11 саҳифа  12  июль

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail
Close