ДЕҲИ КӮЧИДА

Бодхурда сари ҳар деворе,
Бомҳо рехтаву чӯкида.
Тарҳи деҳ гарчи ба ҷо монда, вале
Зиндагӣ ҷои дигар кӯчида.

Зиндагӣ рахт бар он водӣ баст,
Ки бапаҳносту дарё ҷорист.
Байни мардум дигар андар сари об
Ҷангу ҷанҷолу кашокашҳо нест.

Деҳи кӯчида, дар он ҷо шаҳрест –
Шаҳри озодию озодон аст.
Лек ин ҷой, ки вайрона шуда,
Ёде аз қисмати аҷдодон аст…

Як ду-се лолахасак бишкуфта
Дар паи сандалию оташдон –
Вопасин шуълаи он оташҳост,
Ки барафрӯхта дар кӯҳистон.

Роҳҳо кӯр шуда беравуо,
Чашми чоре ба раҳи ёре нест.
Чордевори баҳасрат нолад,
Ки саре дар буни деворе нест.

Ҳотаи бекасу перомунаш
Сангдевор чу хатти паргор.
Қитъа-қитъа чу нишон монда ҳанӯз
З-он деҳи танг – аз он кунҷи диёр.

Хурмаи равғанӣ пурхок шуда,
Як каду хамзада дар ҳаччаи шох.
Даҳани тангу тиҳияш гӯяд:
Одамирост чи хуш ризқи фарох…

Ток аз бекасӣ бар шохи чинор
Гӯӣ тарсидаву дарпечида.
Чашмаи деҳ зи ғами танҳоӣ
Рӯзу шаб гирякунон хушкида…

1.7.1973

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail