ДИГАР КАЙ МЕРАСАД ДИДА БА ДИДОР?!

Чу берун меравам з-ин остона,
Дигар ин остону осмона
Маро бо ту нахоҳад дид, эй ёр,
Дигар кай мерасад дида ба дидор?!

Ба назди дар ту мемонӣ хаёлӣ,
Лабат меларзад аз ранҷу малоле,
Бигирад осмонро абри озор,
Дигар кай мерасад дида ба дидор?!

Дар ин субҳи баҳор аз ашки шабнам
Шавад барги гулу барги рухат нам,
Ба дунё бошад аз хуршед осор,
Дигар кай мерасад дида ба дидор?!

Баҳори дигаре мо дар куҷоем,
Агар бо гардиши гардун биёем,
Ба ин дунёи нотакрор такрор
Магар боре расад дида ба дидор?!

Ҳамон, к-ӯ сарварӣ хоҳад сарамро,
Кушояд бо муҳаббат дафтарамро,
Ба зимни ҳар сухан хонад ба зинҳор,
Дигар кай мерасад дида ба дидор,

Дигар кай мерасад дида ба дидор?!

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail