Дил аз ман бурд

Дил аз ман бурду руй аз ман ниҳон кард,

Худоро, бо кӣ ин бозӣ тавон кард?

Шаби танҳоиям дар қасди ҷон буд,

Хаёлаш лутфҳои бекарон буд.

Чаро чун лола хуниндил набошам,

Ки бо мо наргиси ӯ сар гарон кард.

Киро гӯям, ки бо ин дарди ҷонсӯз,

Табибам қасди ҷони нотавон кард?

Бад-он сон сӯхт чун шамъам, ки бар ман,

Суроҳӣ гиряву барбат фиғон кард.

Сабо, гар чора дорӣ, вақт вақт аст,

Ки дарди иштиёқам қасди ҷон кард.

Миёни меҳрубонон кай тавон гуфт,

Ки ёри мо чунин гуфту чунон кард?

Адӯ бо ҷони Ҳофиз он накардӣ,

Ки тири чашми он абрӯкамон кард.

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail