ДИЛ ЧАҲОНИ ОРЗУСТ

Дил намемирад…
Пас аз ман ҳам намемирад дилам.
Зиндаи ҷовид ӯст,
Дар фазоӣ зиндагӣ хуршед ӯст,
Андаруни синаи соҳибдилон
Хонаи уммед ӯст.

Розгоҳи дилбарӯу дилдор — дил,
Бар ғаму бар шодии мо ёр —дил.
Сарвати дунё — ҳаёту ишқро
Посбони рӯзи шаббедор — дил.

Орзую ҷустуҷӯ ҷисманду ҷон,
Дил калиди ҷустуҷӯст.
Бо ҳама ин афзалиятхои худ
Дил аз они орзуст,
Дил шаҳиди ҷустуҷӯст…

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail
Close