Дилам бе ҷамолат сафое надорад

Дилам бе ҷамолат сафое надорад,

Чу бегонае, к-ошное надорад.

Матоъи дили поки ушшоқи мискин,

Ба бозори ҳуснат баҳое надорад.

Дило, ҷоми соқии гулрух талаб кун,

Ки чун гул замона бақое надорад.

Агарчи дилам рафт, лекин ғамаш нест,

Ба ҷуз он хами зулф ҷое надорад.

Аз ин синаи танг тарсам, ки тираш,

Равад ҷое, он гаҳ давое надорад.

Ҳама чиз дорад дилором, лекин,

Дареғо, ки бо мо вафое надорад.

Чу моҳ аст равшан, ки бе меҳри рӯят,

Дилу ҷони Ҳофиз сафое надорад.

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail