ДИЛАМ ДАР ИНҚИЛОБ АСТ

Надорам шиква аз дил, бегуноҳ ӯст,
Аз ӯ дорам ҳар он чӣ хубу накӯст.
Худаш хурду ҷаҳони ӯ калон аст,
Ғаму хурсандии ӯ як ҷаҳон аст.
Бароям посбон аст ӯ шабу рӯз,
Ба ёрӯ дӯстон ғамхору дилсӯз.
Вале ёрони ҷонии вафодор
Маро дар Ғарбу дар Шарқанд бисёр.
Яке бо истилогарҳои бенанг
Барои бахти халқаш мекунад ҷанг,
Дигар хоҳад ливои якдилиро
Бубинад дар кафи ҳар халқи дунё.
Яке истода дар майдони ҳиммат
Барои сулҳ дорад саъю ғайрат,
Дигар кушад, ки чун туфон ба дарё
Намояд ғарқ киштии ситамро.
Яке дар тира-зиндон бо умеде
Хамеҷӯяд нишоне аз сафедӣ…
Чӣ сон роҳат кунад дил дар чунин ҳол,
Ки бероҳат рафиқонам маҳу сол?
Шавад хуррам, чу бинад ёрро шод,
Хурад ғам, гар рафиқе тан ба ғам дод.
Надорам шиквае ҳаргиз ман аз дил,
Тапад гарчи чу мурғи нимбисмил.
Тапиш, ранҷиш нишони изтироб аст,
Манам шоир, дилам дар инқилоб аст!

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail
Close