Дилдода

Таъолуллоҳ чӣ давлат дорам им шаб,
Ки омад ногаҳон дилдорам им шаб.
Чу дидам рӯйи хубаш, саҷда кардам,
Биҳамдиллоҳ накӯкирдорам имшаб.
Ниҳоли сабрам аз васлаш баровард,
Зи бахти хеш бархурдорам имшаб.
Бар он азмам, ки гар худ меравад сар,
Ки сарпӯш аз табақ бардорам имшаб.
Кашад нақши ана-л-ҳақ бар замин хун,
Чу Мансур аз кашӣ бар дорам имшаб.
Ту соҳибнеъматӣ, ман мустаҳиқам,
Закоти ҳусн деҳ ҳақ дорам имшаб.
Ҳаме тарсам, ки Ҳофиз маҳв гардад,
Аз ин шӯре, ки дар сар дорам имшаб.

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail