ДИЛИ ШОИР АЗ ТАПИДАН МОНД

Хабари мудҳише, ки дар назарам
Гӯиё кӯҳудаштро ларзонд,
Паҳн шуд дар фазо чун абри сияҳ,
Ки дили шоир аз тапидан монд,
Он диле, ки дили ҷаҳоне буд…

Шоири комунисти мо Мирзо,
Гул парастиду чашмасоронаш,
Сер асло нашуд тамоми умр
Аз тамошои лолазоронаш,
Дилхуш аз кишвари ҷаҳонӣ буд.

Гоҳ аз зиндагонӣ назми баланд,
Гоҳ аз назм зиндагонӣ сохт,
Рӯдакивор дар диёри Шарқ
Алами назми тозае афрохт.
Сулҳро ёру посбоне буд.

Ҷойгир аст дар дили халқаш
Меҳри пурҷӯши ӯ, каломи ӯ,
Сешавад сабт дар ҷаридаи даҳр
Бо хати зар давоми номи ӯ.
Зинда бо ишқи ҷовидонӣ буд.
24.IX.77

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail
Close