ДИЛИ ШОИР

Шунндам аз назартанге, ки як умр
Ғами дунё дилашро мефишорад.
Ҳамехохад, ки чун шоир кунад кайф,
Ғами дунё ба ғамхораш супорад…
Наранҷидам!
Куҷо донад, ки шоир
Диёру халқи худро ифтихор аст,
Дилаш равшан зи нури орзуҳо,
Ҷаҳони ҷустучӯяш беканор аст.
Куҷо донад, ки шоир шаб нахуфта,
Гаҳе дорад шино дар баҳри таърих
Гаҳе ғарқи хаёли рӯзи фардост.
Гаҳе сайёҳ дар Моҳ асту Миррих.
Куҷо донад, ки шоир дар азоб аст,
Даме, ки роҳаташ — илҳом ояд,
Суханро бар сухан зам карда хоҳад
Ки доим субҳ чои шом ояд!

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail
Close