Дод

Дод, эй дод, чӯҷаи хомак,
Ки ту парвозиву ман ода шудам.
Ҷурми ман нест, ҷурми ин дунёст,
Ки сари хам зи хуми бода шудам.
Аз нажоди бузурги ман ту мапурс,
Бенажоде зи бенажода шудам.
Лодахандии халқи худ дидам,
Бо бузургии хеш лода1 шудам.
Эй басо шеъри норасо гуфтам,
Баски худ норасид2 зода шудам.

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail
Close