ДОСТОНИ ИШҚИ МАН

Рӯ ба рӯйи сафҳаи шоҳии рухсорат
Бо қаламчӯби сиёҳи шоирии хеш ҳайронам,
К-ин сапедиҳои симинро чӣ сон бо ранг омезам
В-он сиёҳиҳои шоми қиргуни гесувонатро
Дар сапедиҳои субҳи сафҳа чун резам.
Гарчи шабро бо умеди субҳи рӯят мебарам то рӯз,
Рӯзро бо ёди гесӯйи сияҳ то шоми рӯзафрӯз.

Ман ба он лабҳои нарму нозуки ту чун назар дӯзам,
К-аз ҳаё чун ғӯл мехоҳам равам дар ғор.
Лек медонам яқин акнун,

К-андар ин олам агар ҳайвоне инсон шуд,
Аз ҳаёи он лабони зиндагибахшой ин сон шуд.
Гар ба ҳайвон медиҳад шарми лабонат файзи инсонӣ,
Медиҳад бар насли инсон фарри яздонӣ.

Эй саропо дафтари шеъри худоёна ,
Бо мани муштоқи шеър аз байти абрӯят худоӣ кун,
Ташнаро аз чашмаи нӯши лабонат оби ҳайвон деҳ
В-ин хаёли бепарамро болу пар деҳ, шавқи ҷавлон деҳ.
Сатрҳоямро ба мавҷи обшори мӯйи афшонат
Аз ҳама қайди таалуқ яксара озод кун,
То абад банди ту бошад,
Бахтпайванди ту бошад.

То бубинам ин ҷаҳонро хонаи ишқу муҳаббатҳо,
Сар ба сар лабрез аз афсонаи ишқу муҳаббатҳо.
То ҷаҳонро заррае холӣ набинам аз ҳавои ишқ,
Баски пур бошад фазои бекарон ҳам аз ҳавои ишқ.

Гар ҷаҳон ҷойе барои зиндагӣ дорад,
фақат оғӯши ишқ аст,
Гар ҷаҳон ҷойе барои бандагӣ дорад,
Фақат оғӯши ишқ аст.

Эй ки бе оғуши ҷонбахшат муҳаббат нест ҷовидон,
Лаҳзае ишқи то хоҳам, то бидонам чист ҷовидон.
То бидонам аз чӣ Маҷнун худ,
ки кайҳо рафтаву хок аст,
Пур вале аз достони ишқи ӯ ин хоку афлок аст,
Ё бувад он қиссаи ҷовиди Қайсу ишқи домангир,
К-ӯ намеёрад бисозад як қалам ҳусни туро
Бо сад қалам тасвир,
Ё ки он дастони ишқи безаволи ман бувад, эй дӯст,
Баски чун бинам ба ҷони хештан, бинам, ки ҷони туст.

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail
Close