ДОСТОНИ ИШҚУ ҚАҲРАМОНӢ

Қонуни асосии диёрам,
Маҳбубтарин достонест,
Халқи Ватанам муаллифи он,
Мазмуни вай ишқу қаҳрамонист.
Илҳомдиҳанда ҳар ҳиҷояш,
Чун ҳастии хеш дорамаш дӯст,
Бо орзу пур дили ҷавонам,
Шодам, ки калиди орзу ӯст,
Ин аст, ки бо садоқат онро
Чун аскари сурх посбонам,
Ӯ низ ҳамеша посбон аст
Иқболи марову кӯдаконам.

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail
Close