ДУ МАСЧОҲӢ ДАР ОВРИНГ

Қазоро рӯзи равшан ё намози шом
Агар дар овринге нобаҳангом
Ду масчоҳӣ
Зи дунболи ду маркаб –
Маркаби пурбор бо ҳам рӯ ба рӯ меомаданд,
Агар имкони вопас рафтани маркаб намебуд,
Хару бори касе беқадртар бошад,
ба ҷанҷоле наарзад,
Ба дарё, ё ба варта мефиканданд
аз сари мардӣ,
Ки то бору хари боқадртар осон гузар созад…
Чӣ ҳикмат дорад ин ҳиммат? Нафаҳмидед?…
11.4.1979

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail