ДУ ШОДӢ

Ду нафар
Раҳ ба як чашмаи равшан овард,
Як нафар
Акси худ дид дар он,
бол заду шодӣ кард.
В-он дигар
Туф бар он чашмаи равшан андохт,
Низ болидаву шод,
Ки туфаш
рост
ба ойинаи он
чашма фитод.

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail