ДУ ТАКЯИ ТАКЯХОҲ

Ман нишастам,
ки занам такя ба девор,
аммо
Буд девор чунон ҳам куҳану фарсуда,
Ки ҳамон лаҳза ба ман такя бизад.
Ва куҷо буд маро чора дигар,
Ҷуз нишастан нигарон
зери хатар.
Баски мехестам ар,
Буд девор нагунсор шуда.
Менишинем кунун
такязани ҳамдигар
Ин мани такябадевор
ва
девори ба ман такязада.

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail