ДУ ТАШНАЛАБ

Ба лаби чашмаи кӯҳӣ омад
Ташналаб духтараки чилкокул.
Сари сарчашмаи сероб нишаст,
То хурад об аз он чашмаи гул.

Рӯйи худ дид дар ойинаи об,
Чашмаро дид, ба ӯ менигарад.
Чашм бар чашма даме ҳайрон монд,
Лаб ба он чашма барад ё набарад.

Кокулонаш ба паси сар партофт,
Хам шуду лаб ба лаби чашма бибурд.
Духтарак об бихӯрд аз чашма,
Чашма ҳам аз лаби ӯ об бихӯрд.

***

Хоҳам ин лаҳза, ки аз хеш фаромӯш кунам,
То дами субҳ туро танг дар оғуш кунам.
Баски дунёст пур аз валвалаи беҳуда,
Кош танҳо нафасу набзи туро гӯш кунам.

Нафаси зиндагиам бе ту нафас нест, ки нест,
Ҳаваси зиндагиям бе ту ҳавас нест, ки нест.
Гар равад умр ба сар бе ту, чӣ ҷойи шиква-ст,
Зиндагонӣ, ки ба ёди ту абас нест, ки нест.

***
Ман чу оҳанги ғазал ёд кунам
Имшаб оҳанги қадамҳойи туро.
Дастаи мӯйи ту бӯсад ба ҳавас
Дар сари ҳар қадаме пойи туро.

Аз чароғи қади раҳ қад-қади раҳ
Соя резад ба замин щохи дарахт.
Ҳар гаҳ аз бод биларзад гулу барг,
Чун гули соя дилам ларзад сахт,

Ки мабодо ҳама ин рӯъёест,
Ки ба як ларза шавад нопайдо,
Ки дигар суд набошад пас аз ин
На зи фарёду на аз вовайло.

Ту надонӣ, ки дар ин шоми баҳор
Бештар масти ҷавонии худӣ.
Гарчи гарм аст туро оғӯшам,
Гарм аз сӯзи ниҳонии худӣ.

Чун ҷавонии ман аз ман бигузашт
Бе ту дар беҳавасӣ, бехабарӣ.
Аз ҷавонии ту ман метарсам,
Ки зи ман ҳамчу ҷавонӣ гузарӣ.

***
Ин бод магар ки дар ситез аст,
Ё бо чаманаш ба гуфтугӯест.
Ин рӯдаки шухи мавҷхез аст,
Ё духтараки фатиламӯест.

Ин чашма, ки тоза мекунад ҷон
На чашма , ки оби ҷовидон аст.
Кӯл аст фарози ин куҳистон,
Ё чашми кабуди осмон аст.

Ин шеъри табиат олист,
Чун шоири хеш безаволест.

***
Шавам аз нашъаи лабҳои ту маст,
Мастӣ аз сар барад андешаи ном.
Ҳамчунонбар дили ҳар бодапараст
Ҷоми лабрез диҳад шӯру қиём.

Лаби соғар – лаби ёри гулрӯ,
Бинам аз рӯйи ту ман рӯйи баҳор.
Ларзад аз ларзиши тан куртаи ту,
Ояд аз домани ту бӯйи баҳор.

Ин туӣ, аввалу анҷоми манӣ,
Охирин ҷуръа ки дар ҷоми манӣ.

***
Нест беҳ аз ишқу вафо матлабе,
Бандаи ишқ аст саросар ҷаҳон.
Дар ҳаваси ишқи замин ҳар шабе
Тоза шукуфад чамани осмон.

«Ишқ бахорест, баҳор оварад»,
Шохи ҷавонро бикунад гулбасар.
Пири куҳанро барии ёр оварад,
Гул бизанад, гул ба сафедии сар.

Лек дарахти куҳан аз шавқи ҷон
Гул бикунад, зуд бигардад хазон.

***
Гарчи шаб аз шӯълаи маҳ равшан аст,
Чашмаи хуршед фаромӯш нест.
Ҳаст азалӣ фарқи баландею паст,
Маснади шер аздари харгӯш нест.

Умр ба мардию сутургӣ хуш аст,
Кай каси бегурда кунад кори гурд.
Хурд кунад азми бузургӣ, хуш аст,
Войи бузурге, ки кунад азми хурд.

Кори ҷаҳон то ки ба сомон бувад,
Ҷойи бузургон ба бузургон бувад.

***
Нест ҳаргиз з-ин ҷазои сахттар,
Гар туро дар даҳр шоир зодаанд,
Баски ҷойи роҳати шому саҳар
Дарду ранҷи бешуморат додаанд.

Чорасози чораҷӯёнӣ басе,
Ғамшарикӣ бо ҳама ҷамъи башар.
Дар илоҷи дарди хеш аммо касе
Нест дар олам зи ту дармондатар.

Гарчи шоир зоданат айни ҷазост,
Лек хуштар з-ин мукофоте куҷост?!

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail