ДУБАЙТӢ

Ман аз Дарғам, ки авлодам ҷасур аст,
Чу авлоди ҷасурам аз Ғафур аст.
Агар хоҳам дилам сайру саёҳат,
Тамошогоҳи манн Суффи Ғафур аст.

Юиёяд хуш маро бар дил Ғудифам,
Надорам кор ба ҳарфи ҳарифам.
Ба рафтору ба кирдору ба гуфтор
Ба хешону таборон ҳамрадифам.

Ало панҷҳо, панҷҳои баҳорам,
Баҳорри гулфишони рӯзгорам,
Нафаҳмидам гузашти рӯзу шабро,
Чу соҳилҳо дарё дар канорам.

Гузаштам, дон, ки манн якрӯ гуштам,
Чу морди Худо хушрӯ гузаштам,
Зи ҳар як имтиҳоне, ки маро буд,
Ҷасуру чобуку хушгӯ гузаштам.

Баҳорон фасли зебо дилнишин аст,
Миён фаслҳо гӯё нигин аст.
Шабонро нури маҳ маҳ равшан бисозад,
Баҳорон беҳтарин фасли замин аст.

Бидеҳ дасти шибобахшат ба дастам,
Ба меҳрат ин қадар манн дил бибастам.
Ба ишқат ба тамоми ҳастиии худ,
Ту медонӣ, азизам, аҳд бастам.

Гули себагаро себарга гӯянд,
Зи гулҳо бӯи духтарҳо биҷӯянд.
Чу гулҳо посдоони занонанд,
Ба ҷои гул ҳаме занро бибӯянд.

Биё, эй найнавозу най ту бинвоз,
Бирақсан духтарони шӯхи Дарвоз.
Шуда матфуни рақсу созу овоз,
Ба ҳам рақсе дар ҳар пардаи соз.

Ҷавонон, қадри ҳамдигар бидонед,
Ки ҳоло ҷумлагӣ шоду ҷавонед.
Ба пирӣ мерасад, аммо чи афсӯс
Пасон ҳалли хотаеро надонед.

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail