ДУНЁ ШАВЕД

Зист он кӣ баҳри дунё, баҳри ӯ дунё шавед,
Ҳар кӣ дорад қалби дарё, баҳри ӯ дарё шавед.

Ҳар кӣ боре гар шуморо дӯстӣ зоҳир кунад,
Дар раҳи меҳру муҳаббат доимо ҳампо шавед.

Сахтиҳои мушкилеро нарм созад бо шумо,
Бори мушкил бар сараш афтад агар пайдо шавед.

Ақрабое, ки напурсад хеқ аз холи шумо,
Ҳамдами бегонарӯи ошноҷӯё шавед.

Зодаи давру замони корсозонем мо,
Сурату савлат чӣ бахшад, оқилу доно шавед.

Суд не гар номӣ Ӯлмас нақш бар санге кунад,
Кори нек – ин даркушои дил, ба дилҳо ҷо шавед.

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail