ДУОИ БОРОН

Синаи гардун бихушкад ҳар баҳоре,
Ҷои абру ҷои боронҳои найсон
Чашми деҳқон мегирист аз интизорӣ:
«Ёраб, сабаби ҳаёти ҳайвон бифирист,
Аз хони карам неъмати алвон бифирист,
Аз баҳри лаби ташнаи тифлони набот
Аз синаи абр шири борон бифирист!»
Дар лаби рӯде ва ё дар гӯшабоме
Ин дуоро чун нидое бар худояш
Бурда мегӯронд агар Бобои деҳқон
Мерасид гӯё ба гардун илтиҷояш.
З-осмон аммо наме нозил намешуд,
Киштаҳо фарёд мекарданду зорӣ:
Модари абр! Аз чӣ баҳри мо нагирйӣ?
Эй худои осмон, раҳме надорӣ!
Боз ҳам Бобои деҳқон бо умеде
«Деги дарвешон» ба саҳро мекашонид.
Баҳри ҳар дарвеши боронинтизоре
Чумча-чумча з-он худоӣ мечашонид.
Он худоӣ баҳри дарвешон набуда,
Балки қурбонӣ барои осмон буд.
Он худоӣ бар худои барфу боронҳо,
Ҳам барои майсаҳои хастаҷон буд.
Лек боз аз осмон як нам намерехт,
Пири деҳқон дар ғазаб мешуд аз ин фанд.
Он ягона гови худро дар лаби рӯд
Бурда хун мекард аз баҳри худованд.
Бо умеде: хун биомезад ба дарё,
То фалакҳо баршуда резад чу борон,
Бишканад то ташнагиҳои заминро,
Сабз гардад, сабз монад киштзорон.
Лек боз аз осмон як нам намерехт,
Ҳам худо кар буду ҳам гӯши фалакҳо.
Боз ҳам Бобои деҳқон зора мекард
Аз худову аз фалакҳову малакҳо:
154 Лоиқ Шералӣ
«Ёраб! Зи фиреби ту дилам мегирад,
Чашмом ба ҷои абри ту мегиряд.
Як сабза бипажмурад, надорам боке,
Эй чарх! Тараҳҳуме! Замин мемирад!»
Лек боз аз осмон як нам намерехт,
Аз сари ҳар воти1 байни киштзорон
Пири деҳқон мегузашту ашк мерехт
Бар сари ҳар сабзае бар ҷои борон…
* * *
Рӯзгори ошиқии мо гузашт,
Умри ман чун мӯи ту кӯтоҳ шуд.
Мо, ки андар кӯи дил раҳгум задем,
Ишқи мо ҳам мисли дил гумроҳ шуд.
Ишқи мо аввал чу Дарёҷой2 буд,
Кам шуд охир дар мурури солҳо.
Аз кӣ буду аз чӣ буд ин оқибат –
Кай биҷӯем аз китоби фолҳо?
Вақти ошиқ буданат бо сӯзи дил
Як ту мефаҳмидӣ мастиҳои ман,
Дар баландии ғурури шоирӣ
Он ҳама мастию пастиҳои ман.
Хонуми сабзина, аз ман ёд кун,
Ки ғаматро солҳо варзидаам.
То ба кӯи васли ту бо дарду доғ
Эй басо тарсидаву ларзидаам.
Баски оғӯши ту атри кӯҳ дошт,
Ошиқат будам мани фарзанди кӯҳ,
Бо умеде, ки кунад ишқат маро
Боз ҳам дилдодаю дилбанди кӯҳ.
Ошиқат будам на аз баҳри висол,
Ошиқат будам чу ҳамдарди дилам.
Ошиқат будам, ки дорӣ зиндаам,
Варна бисёр аст ҳар ҷо қотилам.
Ошиқат будам, ки бо ман содадил –
Ҳамнавою содаю озодаӣ.
Дигарон омодаи фармони вақт,
Ту ба фармони дилат омодаӣ.
Дӯстдориҳои мо бепарда буд,
Ишқи мо дарё буду соҳил надошт,
Ҳар чӣ байни мо гузашт, аз дил гузашт,
Бехудиҳо сарҳаду манзил надошт.
Хонуми сабзина, аз ман ёд кун,
К-аз ту ёди қотили ман мондааст.
Чун мукофоте зи кӯриҳои ишқ
Кӯрзахме дар дили ман мондааст.
Ёд кун аз шоири ошиқ, ки буд
Дар канорат масти азхудрафтае.
Бо ту гарчи рози дил бисёр гуфт,
Боз ҳам буд қиссаи ногуфтае…
* * *
Ишқҳои мурдае дар синаам
Гоҳ-гаҳ хомӯш исён мекунанд.
Гаҳ маро аз хештан розию шод,
Гаҳ маро аз худ пушаймон мекунанд.
Андаруни ман чи шӯришҳои дард,
Андаруни ман чи тӯфони балост.
Мегурезам аз хатои худ, вале
Ин гурезам боз бадтар аз хатост.
Ишқҳои мурдаи ман зиндаанд,
Нест ҳеҷ аз дасташон ҷои гурез.
Бо ҳама навъе муросо мекунам
Андар ин дунёи каҷдорумарез.
Ишқҳои мурдаи ман зиндаанд
Дар дилу дар дидаву дар хотирам.
Ишқҳои мурдаи ман зиндаанд
Дар замири шеърҳои дафтарам…
Ишқҳои мурдаи ман зиндаанд
Дар хаёлу хобҳои равшанам.
Ёдгори сӯхтанҳои баланд,
Шоҳиди айёми ошиқ буданам.
Ишқҳои мурдаи ман зиндаанд
Бо ману шавқи тапишҳои дилам.
Бо тамоми лағзишу айбу гуноҳ,
Бо ҳама пинҳону пайдои дилам.
Ишқҳои мурдаам бо ман мудом
Ҳар куҷо дасту гиребон мешаванд.
Мебарандам гаҳ ба зери дорҳо,
Бар сарам гаҳ тирборон мешаванд.
Ишқҳои мурдаи даъвогарам
Ҳар нафас бар додгоҳам мекашанд.
Ишқҳои мурдаи балвогарам
Оқибат рӯзе маро ҳам мекушанд…
26.10.1979

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail