ДУОИ МО

Аз гандуми деҳқонӣ,
Хонаи халқ шавад пур.
Кулча пазад кадбону,
Рӯзи дароз дар танӯр.
Шифо ёбад илоҳӣ,
Ҳар кас, ки ҳаст ранҷур.
Мусофирон биёянд.
Саломат аз раҳи дур,
Як ҷо шинанд олимон.
Гӯянд сухан ҳамчу дурр,
Диҳанд сухан ба шоир,
Шоир ба шеър машҳур.
Шеър аст агарчи андак,
Аз маъниаш ҷаҳон пур.
Душмани мо барад рашк,
Ду чашми ӯ шавад кӯр.
Насиби мо шавад шаҳд,
Ба ӯ бас неши замбӯр.

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail