ДУРУДИ СУБҲ

subh

Эй азизон, дар саҳаргоҳи умед,
Бод равшан суятон роҳи умед.
Бод Ҷоми Ҷам субӯҳии шумо,
Баски аз авлоди Доруву Ҷамшед.
Мардуми дунёст афзун дар шумор,
Лек болотар аз ин бешу камед.
Дар ватандорӣ расо аз Рустамед,
Дар саховат бештар аз Ҳотамед.
Эй азизоне, к ибо ман меҳрубон,
Ҳамдиледу ҳамнишоту ҳамғамед.
Чун гули субҳи баҳорон бардамед.
Чун насими субҳ сӯи мо вазед.
Дар дили худ гарчи дар дунёи дун,
Бар ҳазору як алам як оламед.
Бо нигоҳи гарму хуршедии хеш,
Захми хуншори диламро марҳамед.
Нек бодо рӯзатон дар рӯзгор,
Сӯи бахту сӯи даргоҳи умед.

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail