Душанбе

Чидам гули садбарг зи гулзори Душанбе,
Бурдам ба дари хонаи дилдори Душанбе,
Гуфтам. ки дар ин ҳар варақи ғунча ниҳон аст
Рози ману рози туву асрори Душанбе,
Бар ҳар тарафе менигарам, менигарад гарм
Аз ҳар тарафе чашми сафедори Душанбе.
Ҳар сояи беманзара ҳамсояи ман нест,
Ҳамсояи ман сояидевори Душанбе.
Чун ришатаи дил, риштаи ҷон, риштаи умр аст
Дар гардани ман риштаи тӯмори Душанбе.
Дар сина ба ҷои или ман ҷунбаду ҷунбад
Умре хама гаҳвораи гулдори Душанбе.
Маҳтоб авезон ба сари шохи чанораш,
Фонуси шаби шоири бедори Душанбе.

Май. 1998, Seattle.

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail
Close