Духтарони Душанбе

Хонаҳои баланду шаҳроро,
Шаҳри зебою кӯчаю гулгашт…
Дар ҳамин кӯчаҳои пурғавғо
Ошиқию ҷавониям бигзашт.

Ҳар ғурубе нигори атласпӯш,
Як гул аз боғи хеш меовард.
То дили шаб нишаста пеши ман,
Ба табу тоб дарди дил мекард.

Ноаён мегурехт аз хона,
То ба он ваъдагоҳи ҳаррӯза.
Модари пири бемадораш буд,
Интизораш ба назди дарвоза.

Дошта кокулони маҷнунбед,
Бо адояш маро адо мекард.
Милаашро ба гарданам мебаст,
Аз сари ноз пас раҳо мекард.

Дастҳояш чу ширмоҳӣ буд,
Соқҳои базебу симин дошт.
Абруи сабзу мӯи хурмоӣ,
Хандаҳои банозу ширин дошт.

Ҳар ғуруб офтоб чун мерафт,
Ӯ тулӯи умедҳоям буд.
К-ӯ ба ҳусни расою беҷурмаш,
Гӯиё толеи расоям буд.

Як ғурубе наёмад ӯ дигар,
Гӯиё рафт ҳамраҳи хуршед.
Солҳо интизори ӯ будам
Дар сари чорроҳаи уммед.

Пас шунидам ба ҳукми тақдираш,
Хона кардасту хонаобод аст.
Лек бар ёдгори он айём,
Номи манро ба кӯдакаш додаст.

Баҳорон буду як шомеву борон
Ҳамешорид ҳамчун обшорон.
Висолат бӯстони пургуле буд,
Канорат ҳамчу оғӯши баҳорон.

Даме озод аз ғавғои ҳастӣ
Чу гул андар канори ман бирустӣ.
Бихандидӣ ба бозиҳои қисмат,
Гуноҳи хеш дар борон бишустӣ.

Ва як дам хешро аз қисмати худ
Бидуздидӣ, чу гул бахшидӣ бар ман.
Зи худ рафтию пеши ман расидӣ,
Гули печон шудӣ, печидӣ бар ман.

Ту мегуфтӣ, ки дар ман ёфтӣ боз
Ҳамон дар орзу парвардаатро.
Маро чун ёфтӣ, аз ман биҷустӣ
Ҳамон ишқи ба раҳ гумкардаатро.

Замоне шояд андар орзуҳо
Туро нодида ошиқ будаам ман.
Туро, ё чун туеро ҷуста аз бахт,
Ба ӯ ҳамбахти лоиқ будаам ман.

Кунун мо рӯ ба рӯ гаштем дар роҳ,
Ба ҳам мо ношинос, аммо шиносем.
Ба бахти ногаҳонӣ шубҳа дорем,
Зи ишқи ногаҳонӣ меҳаросем.

Дареғо аз ҷавонии гузашта,
Зи кишти дери мо акнун чӣ ҳосил?
Дили кас гар барои мо насӯзад,
Бисӯзем оқибат дар оташи дил…

Ту дузди қисмати худ будӣ, эй гул,
Ба ман худро бидуздидӣ зи тақдир.
Аз ин як лаҳзаи ширини дуздӣ
На ман серу на ту серу на дил сер.

… Гузашт ин лаҳзаи дуздию дигар
Равад ҳар кас паи бешу ками худ.
Аз ин пас боз бо ҳам ношиносем,
Ту бо дарди худу ман бо ғами худ.

Рӯи саҳна тарона мехондӣ
Аз ҷавонию орзуи ман.
Гӯӣ бо як назора мехондӣ
Қисматамро зи чашму рӯи ман.

Дар навои басӯзу ғамгинат
Дардҳои ҷавонии ман буд.
Дар садои маҳину ширинат
Талхии зиндагонии ман буд.

Ман туро аз ҳаёт меҷустам,
Аз ҳама роҳҳои дунёӣ.
То бо овози дардноки худ
Зиндагии маро биороӣ.

Тирамоҳ асту барг мерезад,
Пушти саҳна ҳама хазонрез аст.
Аз мани дилшуда чӣ парҳезӣ?
Зиндагонӣ на ҷои парҳез аст.
Ошиқӣ ҳам чу саҳнаи санъат –

Гоҳ бозист, гаҳ фиғону дод.
Он яке ошиқ аст дар нақше,
Дигаре ошиқ аст модарзод.
Ошиқӣ ҳам чу дарди меросӣ

Монда мерос аз ниёгон аст.
Шоирон ҷумла мурдаанд аз ишқ,
Банда аз пайравони эшон аст.

Бо суруду тарона ворид шав
Бар дили ман, ба рӯзгори ман!
Зуд о, зуд, зиндагӣ сипарист,
Тирамоҳ аст, эй баҳори ман!

1970

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail
Close