ДУШАНБЕ

Дилам хоҳад барои ёдгорӣ
Нависам дар тани деворҳоят
Ду-се байте чу арзи меҳру савганд
Барои ту, барои наслҳоят.

Ду-се байте, ки ҷӯшад аз дили пок
Сазовори шабони равшани ту.
Ду-се байте, ки монанди шакарнам
Бирезад рӯи боғу гулшани ту.

Туро бетахту маснад офариданд,
Ки бошӣ пойтахти Тоҷикистон.
Агарчанде замоне дошт тоҷик
Ба номе пойтахти илму ирфон.

Туро аз орзуҳо офариданд,
Туро уммедҳо таъмир карданд.
Туро аз кулба то қаср овариданд,
Туро пардоз аз тадбир карданд.

Туро ҳамдастию ҳамкорӣ афрохт.
Туро ҳам дӯстӣ аз меҳр орост.
Чароғистон шудӣ аз меҳри дилҳо,
Ки оғӯшат кунун маъвои дилҳост.

Туро дар рӯзи ид озин бубастанд
Ба парчамҳои сурхи инқилобӣ,
Ки то аз ранги парчамҳои аҳмар
Ту ранги рӯзгори худ биёбӣ.

Туро Айнӣ сутуни ҷовидон шуд,
Туро дохундаҳо бунёд карданд.
Ҳасан ҳамроҳи Турсунзода Мирзо
Зи хишту аз сухан обод карданд.

Туро тасхир кард овози Туҳфа,
Туро ашъори Лоҳутӣ сафо дод,
Ба ҳар тӯят, ки Боқӣ буд соқӣ,
Ба дасти ошиқон ҷоми вафо дод.

Кунун дар ҷашну сурат даф навозанд,
Ба базму ҷашнҳоят шеър хонанд.
Зи балкон духтарони рӯкушодат
Чу маҷнунбедҳо кокул фишонанд.

Кунун бо мавҷгири1 бомҳоят
Ҳама олам сари гуфтор доранд.
Кунун фарзандҳои дӯстхоҳат
Ба олам сад ҳазорон ёр доранд.

Чи фирӯзахтару толеъбаландӣ,
Ки дорӣ хушдилону хушгилон ҳам.
Чӣ соҳибдавлату хушрӯзгорӣ,
Ки соҳиб дориву соҳибдилон ҳам…

4.6.1971

Шеър дар бораи Шахри Душанбе пойтахти Точикистон

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail
Close