ДУШАНБЕ ШАҲРИ ДИЛАМ

Зиҳӣ, эй шаҳри нӯронӣ, Душанбе,
Муҳаббатхонаи ҷонӣ, Душанбе.
Нависам баҳри ту Шаҳномаи ишқ,
Чу девори Хуросонӣ, Душанбе.
Ҷудо аз ман Самарқанду Бухорост,
Ба дарди ҳаҷр дармонӣ, Душанбе.
Маҳал аз баҳри ту бегона бошад,

Ману моро нигаҳбонӣ, Душанбе.
Бизан оҳанги бедории миллат,
Ба ҳам моро фарохонӣ, Душанбе.
Паёми субҳ ёбам аз шаби ту,
Чароғе дар шабистонӣ, Душанбе.
Касе, к ибо ту созад, дар намона,
Дилат ёбад ба осонӣ, Душанбе.
Барои ҷашни зебои ту имрӯз,
Биёрам шеър арзонӣ, Душанбе

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail
Close